Мотам дар найистон

Дар Балхи дудолуд
пажмурда мешуд охирин гулбарг,
Ҳалқи гиёҳи ташна мехушкид,
Ҷӯбор мисли мори захмӣ
аз дард гирди хеш мепечид
дар интизори марг.
Аз таркиши бумбе заминсӯз
дар фарш арши бомҳо афтода буданд,
Чашми кабуди осмон ранги мусибат дошт,
Истораҳои бешумораш
чун ашк дар мижгони мардум менамуданд.
Гунҷишкҳои шӯх
дар тоблуе ёдгор аз қарни пешин
побаста андар риштаҳои ранг буданд,
Чун пайкари беҷони кӯдакҳои афғонӣ
дар парниёни арғувони ҷанги хунин
лабханд сӯи зиндагонӣ менамуданд.
Аз чашмаҳои соф
обе равон мешуд агар – ашки занон буд
аз мотами мардон, ки дар майдон ғунуда
гаҳ дар набарди гарм,
			гоҳе дар набарди сард
			бо сурате осуда аз доруву аз дард.
Тире, ки буд ҷисми ҷавоне
парвози ҷонкоҳандаи ӯро нишона,
гар аз қазо ногаҳ хато мехӯрд,
нақши сияҳ мемонд
дар пайкари сабзи ниҳоли пурҷавона
чун номае аз кинаи хасми камонвар...
Оҳ аз замона!
Фарёд аз дунёи бераҳму ситамгар!
Шаҳре, ки найзораш
аз найзазори душмани номард менолид,
чун мардуми Балхи қадима
дар дафтари Найномаи Мавлои Балхӣ
аз ғусса мегирйист
			в-аз дард менолид.
Корвон… Раҳ… Марғзор… Оҳу…, 27