Нидои рӯҳи Ҳаким Фирдавсӣ
Ҳой! Аз хоби сияҳ бархез! Аз қофилаҳои рафта қафо мондем, яъне ки ба ҳеч ҷо нарасидем! Мобайни лаҷан дар ғафлати худ чун ғук ба ҷо мондем!
Ҳой! Чашме ба ҷаҳони буқаламун бикшо! Дар манзараҳо бингар! Ку рангу куҷо бӯе, ки аз они мост? Афсӯс! Ин ҷо на Замони мо, на Макони мост!
Ҳой! Шаҳномаи мардиро хон! Рустам нашавӣ ҳам, вориси Рустам шав! Бо ҳамнасабони Деви Сафеду Деви Сияҳ меҷанг! Бо лашкари ҷаҳлу хашму гунаҳ меҷанг! Ғамро бикушу шодона бизӣ! Дар ҳаҷми дили болидаи худ хуррам шав!
Ҳой! Ҳамчу лаванди лода Хӯ карда ба нармӣ - нармии тоҷикӣ! Чустӣ куну бо неруи хирад дунёи дигар месоз! Гар хуни Куруш андар раги ту ҷорист, Бишкан камари Аҳримани торикӣ! Домони ҷаҳонро тоза зи чирки фитнаву шар месоз!
Ҳой! Шопури Каён! Шаҳзодаи озода! Бархез! Монандаи Сомоншоҳ Моро зи парешонӣ ту ба ҳам овар! То бо ту ҷаҳон гирему ҷаҳон созему ҷаҳон бонем! То насли башар донад Мо барда наем, аз дудаи шоҳонем! То олами шар донад Мо марди ҷигардорему наметарсем Аз Деву Сафеду Деви Сиёҳи олами девона, зеро зи нажоди Рустами Дастонем!
1
Мазмун аз як байти маъруфи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ