Тоҷикистон – намозгоҳи мо!

Тоҷикистон! Кишвари ман!
То ҳамеша «Шоҳнома» ифтихори туст,
Ҷовидона рӯҳи Фирдавсӣ мададгори табори туст,
Дар фазоят шеҳаи Рахши ғурури паҳлавонон,
То қиёмат «Тахти Рустам» такягоҳу посдори туст!
Тоҷикистон! Модари ман!
Ифтихори ту на дузду киссабур -
Ифтихори ту на он пасмондаҳои Чингизу Темур!
Ифтихори ту ҳамон Айниву Бобоҷон Ғафур…
Ифтихорат шаҳкитоби «Тоҷикон» – он шоҳкори туст!
Тоҷикистон! Гавҳари ман!
Ифтихори ту на ин чандин хиёбон,
Ифтихори ту на ин чандин биное аз гаччу бетон,
(ин биноҳо мешаванд аз боду борон оқибат вайрон).
Ифтихори ту ҳамон «Кохи баланд» аз кӯҳсори туст.
Тоҷикистон! Ахтари ман!
Ифтихори ту на ин Роғун ва Норакҳо,
Ифтихори ту на ин чандин чароғакҳо…
Ифтихори ту «чароғи равшан андар дил» - 
ҳамон ДОНИШ,
ки аз Дирӯзу Ҳолоят ба Фардо ёдгори туст!
Тоҷикистон! Кавсари ман!
Обу хокат иқтибосе аз биҳиштанд,
Боди ту аз «Боди Ҷӯи Мӯлиён»-и Рӯдакист.
Оташат мероси оташхонаҳои куҳнаи шаҳри Бухорост,
Ифтихори ту шукӯҳи чун ситеғи кӯҳсорат устувори туст.
Тоҷикистон! Минбари ман!
Ҳаст ИСТИҚЛОЛат истиқлоли халқи ман -
ҳамин халқе, ки ТОҶИК номи он буду набуд тоҷаш,
Мурғаки парбастае буду набуд бар авҷ меъроҷаш.
Ҳолиё парвози ман аз туст, оре, ифтихорам ифтихори туст!
«Тоҷикистон! Кишвари ман!
Модари ман! Модари ҷонпарвари ман!»
Минбари ман! Кавсари ман! Ахтари ман! Гавҳари ман!
Ҷашни Истиқлоли иқболат ҳумоюн бод!
Шеъри ман – яъне намози ман дуои хуррамии рӯзгори Туст!
1
Ишора ба ин абёти Фирдавсии бузургвор:

Биноҳои обод гардад хароб

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм «Кохе баланд»,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

2
Ишора ба ин байти Абарустод Рӯдакӣ:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

К-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

3
Ин қитъа - ниёиш аз Устод Лоиқ Шералӣ аст.
Корвон… Раҳ… Марғзор… Оҳу…, 19