АС

Абдуҷаббори Суруш

Ширини ман, Ширин!

  • Асосӣ
  • Навиштаҳо
  • Ашъор
    • Ғазал
    • Рубоӣ
    • Чаҳорпора
    • Ғайрисуннатӣ
  • Зиндагинома
  • Китобҳо

Абдуҷаббори Суруш

© 2025 Абдуҷаббори Суруш. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.

    Вебгоҳи расмии Абдуҷаббори Суруш фаъол шуд!

    Вебгоҳи расмии Абдуҷаббори Суруш фаъол шуд!

    12 апрели 2025 (7 моҳ пеш)
    Вебгоҳи расмии Абдуҷаббори Суруш фаъол шуд!

    Имрӯз, бо хушнудӣ эълон мекунем, ки вебгоҳи расмии шоири муосири тоҷик — Абдуҷаббори Суруш расман ба фаъолият оғоз кард.

    Ин вебгоҳ ҳамчун манбаи боэътимод барои ошноӣ бо осори адабӣ, навидҳо, мақолаҳо ва, инчунин, ҳаёти эҷодии устод Суруш роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи асосӣ — ба таври муназзам ва муосир пешниҳод кардани ашъор, андешаҳо ва фаъолиятҳои илмиву адабии ӯст.

    Меҳмонони вебгоҳ метавонанд:

    • Ашъори шоирро мутолиа кунанд
    • Бо зиндагинома ва суҳбатҳои адабии шоир шинос шаванд
    • Дикламаи шеърҳои ӯро бишнаванд
    • Хабару рӯйдодҳои марбут ба эҷодиёти ӯро пайгирӣ кунанд

    Хуш омадед ба олами сухан ва эҳсос!

    Бояд гуфт, ки кори вебгоҳ нав оғоз шудаасту комил нест ва ҳар рӯз ба он натанҳо маводди тару тоза ворид ва пешкаши хонандагон хоҳад шуд, балки имконоти фаннӣ ва корбарӣ низ коркард ва афзуда мешавад. Қарор аст, ки дикламаҳои ашъори устод низ бо садои худашон забт ва ба наздикӣ пахш шавад.

    Вебгоҳро боздид кунед ва бо ҷаҳони эҷодии Абдуҷаббори Суруш ҳамнафас шавед.