Боз ёдат кардам…
Борон шудаму таронаро сар кардам, Гӯши шаби бекаронаро кар кардам, Чун чашми кабуди чархро тар кардам, Бо чархҳисоби худ баробар кардам.
Имшаб ба Худои худ гами дил гуфтам, Аз мурдани ишку мотами дил гуфтам, Гирйистаму шеър аз алами дил гуфтам, Аз қогази рӯйи зард дафтар кардам.
Эй ёри ба сад ситам зи ман гашта ҷудо, Ранҷида зи ҷабри қисмату кори Худо, Имшаб ҳама саргузашти гамбори туро Оварда ба ёду хок бар сар кардам!
Ман ёди ту кардаму ҳаво вайрон шуд, Яъне ки ҳавои хотирам борон шуд, Дар рӯи саҳифаҳо қалам гирён шуд, Аз ашки қалам саҳифаҳо тар кардам.
Монанди шамоли рафтанат оҳ шудам, Бо сояи сарсони туҳамроҳ шудам, Ту азми сафар кардиву ман роҳ шудам, – Пуштора гами туро чу замбар кардам.
Рафтиву наҷустам аз касе осорат, Пинҳон хӯрдам ғами ту чун ғамхорат, Пеши назар оварда шаби дидорат, Шамъи дили мурдаро мунаввар кардам..
Монанди ситораи гариби саҳарӣ Наздики дили маниву дур аз назарӣ, Аз дур ба меҳр сӯйи ман менигарӣ, Шукронаи он ду чашми ахтар кардам.
Монанди қатора соати умр гузашт, Рӯзу шабам аз масоҳати умр гузашт. Афсӯс, дурӯза роҳати умр гузашт. Ман бе ту ба марги хеш бовар кардам.