Эй лайлитар аз Лайлӣ
То метапад аз Ишқи ту ин дил – дили танҳо, Туро ман дӯст медорам,
Чун сабза боронро – чунин хомӯшу беово Туро ман дӯст медорам.
Ширини ман! Коре надорам бо каси дигар дар ин дунёи серодам,
Кайҳо диламро кандаам аз дигарон, аммо Туро ман дӯст медорам.
Танҳоию танҳо маро, танҳо маро, танҳо маро ту дӯст медорӣ,
Танҳояму танҳо туро, танҳо туро, танҳо Туро ман дӯст медорам.
Ман бе ту холиям зи зебойӣ, валекин бо ту сар то пои ман зебост,
Сар то ба по ойинаам, бисёр ҳам зебо Туро ман дӯст медорам!
Ман бе ту мехушкам ба мисли ҳар гиёҳе, ки ҷудо аз об мехушкад,
Борони ман, бо ташнагӣ чун сабзаи саҳро Туро ман дӯст медорам!
Дар ин ҷаҳоне, ки ба Ишқи пок бовар кардани ин халқ душвор аст, Як умр, эй Ширини Лайлитар зи сад Лайло, Туро ман дӯст медорам!
То охирин уммедворӣ чашмҳоямро ба роҳат чор хоҳам кард,
Ҳатто бубандад марг агар ин чашмҳои во, Туро ман дӯст медорам.