Меойӣ, эй Ширини ман, э вой… меойӣ

Меойӣ, эй Ширини ман, э вой… меойӣ,
То вораҳониям аз ин гирдоби танҳойӣ.
Медонӣ, ин «э вой» мазмуни дигар дорад,
«Э вой яъне» – шукр аз поёни раҳпойӣ».
Ширини ман! Дар ин замони бехудойиҳо
Танҳо ту дорӣ боварӣ бар дини Лайлойӣ.
Ман мурдае будам, ба ишқат зиндаям кардӣ,
Кам нест ин охир зи эъҷози Масеҳойӣ!
Мо Ишқро гуфтему дигарҳо нафаҳмиданд,
Мо аз дигар ҷойему инҳо ҳам дигарҷойӣ.
Мо ҳарду аз дунёи беолойиши Ишқем,
Инҳо ҳама аз кӯчаҳои шаҳри расвойӣ.
Ширини ман! Моро Худо ҳам нағз мебинад,
Охир чунин Ишқ аст зебову тамошойӣ.
Бисёр мехоҳам зи шодӣ ҷон супорам боз,
То ҷони дигар бахшиям вақте ки меойӣ.
Ишқ аз сӯи Худост, 30