Модари нағз
Ватан, эй хоки ҳафт пушти ман Хуфта дар пуштаят ба пушти ту! Боди ғурбат муҳоҷират набарад Кош хоки маро зи мушти ту!
Нафасам боди форами ту, Ватан, Рӯи гарми ту нури ҷони ман аст. Оби чашми ман оби чашмаи ту, Санги кӯҳи ту устухони ман аст.
Ватан, эй чун биҳишт себистон, Ман нигаҳбони меваи себат. Гирди ту кӯҳи сангдеворам, Нарасад то зи дашт осебат.
Ватан, эй боғи сабзи оромиш, Обу ҷӯбору боғбони Туям. Модари нағзиву аз они манӣ, Писари нағзаму аз они Туям.
1
Ишора ба ибораи маъруфи Устод Мирзо Турсунзода – «Писари Ватан»