Ниёиш
Ҷонамози чашмонам рӯи нозанини Туст, Накҳати хуши ҷонам бӯи ёсамини Туст.
Хокиям, ба болоҳо ҷисми ман намеболад, Боли сабзи меъроҷам саҷда бар замини Туст.
Лаб кушову ҳарфе гӯ аз рамузи бишкуфтан, Эй ки сураи Ёсин дар дурахши сини Туст.
Гарчи марди бадхӯям, раҳмати Ту меҷӯям, Чунки қаҳру нафринат айни офарини Туст.
Дўст дорамат, эй Ҷон, дар миёни ҷон пинҷон, Ҷони ман, Суруши Ту, дар замин амини Туст.