Парии ман, ба сахои ту чашми бад нарасад

Парии ман, ба сахои ту чашми бад нарасад!
Сахои туст – вафои ту чашми бад нарасад!
Зи пой то ба сарат сад шукуфа бишкуфта,
Чу як чаман ҳама ҷои ту, чашми бад нарасад!
Шукуфта рӯи ту чун субҳ дар гули гелос,
Ба рӯи пур зи сафои ту чашми бад нарасад!
Зи кӯча гар гӯзарӣ, кӯча масти ҷилваи туст,
Ба қадду басти расои ту чашми бад нарасад!
Туро ба завқи баланд офаридааст зи ноз,
Ба дасти сабзи Худои ту чашми бад нарасад!
Дароз бод замони шукуфтанат, гули ман,
Ба ҳусни вақту фазои ту чашми бад нарасад!
Маро ба ҳаҷми дилат сахт дӯст медорӣ,
Ба Ишқи умрфизои ту чашми бад нарасад!
Мақоми қаҳри ту болотар аз навозиши ғайр,
Ба чашми шӯху балои ту чашми бад нарасад!
Ту дилрабою манам дилсупор, шукри Худо!
Манам ҳамеша фидои ту, чашми бад нарасад!
Барои шоири ошиқ ту беҳтарин ғазалӣ,
Ба сабки нозу адои ту чашми бад нарасад!
Ишқ аз сӯи Худост, 27